Пайвандҳои дастрасӣ

Э. Раҳмон интихоботро шаффофу демократӣ арзёбӣ кард


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин иҷлоси порламони нави Тоҷикистон интихоботи порламонии 28-ӯми феврали ин кишварро демократӣ ва шаффоф арзёбӣ кард. Вай гуфт:

"Маъракаи интихоботи навбатӣ ба мақоми олии қонунгузор ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ озодона, шаффоф, демократӣ ва мутобиқи меъёрҳои дар конститутсия ва дигар қонунҳои дахлдори мамлакат муқарраргардида баргузор шуд".

Оқои Раҳмон дар идомаи суханонаш таъкид кард, ки истиқлоли энержӣ, амнияти ғизоӣ ва раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ се вазифаи аслии стротегияи давлати Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бояд ҳама дар Тоҷикистон бидуни истисно ба мубориза бо ришвахорӣ камар банданд ва ин корро бояд намояндагони порламон, ҳукумат ва раиси ҷумҳур шурӯъ кунанд.
XS
SM
MD
LG