Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Митчел аз Ховари Миёна ба таъхир афтод


Ҷеорҷ Митчел-фиристодаи Амрико барои Ховари Миёна ба сабаби бӯҳрони дипломатӣ бо Исроил боздидаш аз Ховари Миёнаро ба таъхир андохт. Ин бӯҳрон ҳафтаи гузашта дар ҷараёни боздиди Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико аз Исроил рух дод. Дар ҷараёни ин боздид Исроил эълон кард, ки дар шарқи Байтулмуқаддас барои яҳудиҳо 1 600 хона хоҳад сохт, дар ҳоле, ки Фаластиниҳо мехоҳанд он ҷойро ба пойтахти ояндаи давлати худ табдил диҳанд. Ин эъломияи Исроил музикироти ғайримустақими сулҳи Ховари Миёнаро, ки дар он Ҷеорҷ Митчел миёнҷигарӣ мекунад, ба хатар мувоҷеҳ кардааст. Амрико аз Исроил даъват кард, ки аз сохтмони маҳаллоти аҳолинишин дар ин қисамати Байтулмуқаддас даст бардорад.
XS
SM
MD
LG