Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯтоҳтарин одами ҷаҳон даргузашт


Шаҳрванди Чин Пинг Пинг, ки кӯтоҳтарин шахс дар ҷаҳон буд, дар синни 21 солагӣ даргузашт. Вай 74 сантиметр қад дошт. Гиннес-китоби рекордҳои ҷаҳон мегӯяд, Пинг рӯзи шанбе аз бемории қалбӣ дар шаҳри Руми Италия даргузаштааст. Вай барои ширкат дар як барномаи саргармкунандаи телевизионӣ дар Рум ба сар мебурд. Пинг соли 1988 дар қисмати шимолии Чин дар ба дунё омада буд. Вай сигоркаши шадид буд ва аъзои хонаводааш мегӯянд, баъд аз 18 солагӣ организми Пинг аз такомул бозмодааст.
XS
SM
MD
LG