Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯи телефони видеоии Карзай бо Обама


Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар тавассути телефони видеоӣ рӯзи душанбе бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дурнамои музокирот бо Толибонро баррасӣ кардааст. Дар изҳороти ҳукумати Афғонистон омадааст, ҳам Афғонистон ва ҳам маҳофили байналмиллалӣ роҷеъ ба музокирот бо Толибон бояд мавзеъгирии яксон дошта бошанд. Обама ва Карзай ҳамчунин ҳамкориҳои минтақаӣ, тадобири зидди ришвахорӣ дар Афғонистон ва баргузории интихоботи шаффофи порламонӣ дар ин кишварро баррасӣ кардаанд. Интихобот барои моҳи сентябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG