Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми наврӯзии Дабири кулли СММ


Дар остонаи ҷашни Наврӯз Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ ба мардумони ҷаҳон паёми шодбош фиристодааст. Дар ин бора Барномаи Рушди СММ дар Душанбе хабар додааст. Дар паём омадааст, Рӯзи Байналмиллалии Наврӯз эълон шудани ҷашни Наврӯз гувоҳи боло рафтани эътибори ин ҷашн на танҳо дар қисматҳои алоҳидаи сайёра, балки дар арсаи байналмиллалӣ ба шумор меравад. Дабири кулли СММ дар паёми худ изҳори умед кардааст, ки кишварҳо ва мардумони ҷаҳон бо такя ба суннатҳои таърихии ин ҷашн талош хоҳанд кард, то дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва сулҳ зиндагӣ кунанд, то дар сайёра сулҳ ва иродаи нек таҳким ёбад.
XS
SM
MD
LG