Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ба китоб


Равшанфикрони тоҷики муқими Бишкек мегӯянд, китоб ва дастурҳои таълимӣ барои мактабҳои тоҷикии Қирғизистон бояд дар дохили ин кишвар нашр шаванд.

Онҳо мегӯянд, маълум нест, ки Тоҷикистон мактабҳои тоҷикии ҳамагонии ин кишварро то кай бо китобҳои дарсӣ таъмин хоҳад кард. Бинбар ин мегӯянд, вақти он расидааст, ки таълиф ва табъу нашри китобҳои дарсии тоҷикӣ дар худи Бишкек ба роҳ монда шавад.

Манзура Ҳасанхӯҷаева, мудири қисми илмии мактаби миёнаи ба номи устод Айни вилояти Ботканд, мегӯяд, агар дар нашароти кишвараш таълифи китобҳои дарсии тоҷикӣ ба роҳ монда шавад, аз ин мактабҳои тоҷикӣ фақат бурд хоҳанд кард. Вай афзуд, имкони таълиф ва чопи китобҳоро Қирғизистон дорад.

Ба таъкиди ӯ вазорати маориф ва илми Қирғизистон чанд нафарро ба тарҷумаи китобҳои дарсии тоҷикӣ ҷалб кардааст. Манзура Ҳасанхӯҷаева гуфт, интизор меравад, соли оянда мактабҳои тоҷикии Қирғизистон номгӯйи баъзе китобҳои дарсии тоҷикиро дастрас намоянд.

Манзура Ҳасанхӯҷаева гуфт, ки дар соли нави таҳсил мактабҳои Қирғизистон дар асоси барномаи нави таълимӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард, ки вазорати маориф ва илми кишвараш ба тасвиб расондааст. Аммо баъзе китобҳое, ки аз Тоҷикистон мегиранд, ба ин барномаи таълимӣ мувофиқат намекунад.

Мавлон Абдураззоқов, як тан аз равшанзамирони деҳаи Учқӯрғони вилояти Ботканд, ки тобистони соли равон ба намояндагӣ аз созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ба Душанбе сафар намуда буд мегӯяд, мавзӯи сӯҳбати ӯ ва муовини вазири маорифи Тоҷикистон роҷеъ ба таъмини мактабҳои тоҷикии Қирғизистон бо китоб будаст. «Вазорати маорифи Тоҷикистон ваъда дод, ки то қадри имокн мактабҳои тоҷикии моро бо китобҳои дарсӣ таъмин мекунанд. Зеро дар мо шумораи ин синфу мактабҳо афзуда истодааст. Фақат соли равон боз дар ду мактаби деҳаи Учқӯрғон синфҳои тоҷикӣ ифтитоҳ шуданд, ки албатта ба китоб ниёз доранд».

Ба гуфтаи Мавлон Абдураззоқов тоҷикони Қирғизистон солҳои зиёд боз ба нашрияҳои Тоҷикистон дастрасӣ надоранд, ба ин далел соли 1994 дар Қирғизистон чопи як рӯзномаи тоҷикиро дар ноҳияи Қадамҷо роҳандозӣ карданд, вале ин рӯзнома баъди як сол ба далели камбуди молӣ аз нашр бозмонд.

Вай афзуд, баъди аз деҳаи Учқӯрғон ба Бишкек кӯчидани дафтари созмони тоҷикон як моҳномаи тоҷикӣ ба нашр шурӯъ кард. Мавлон Абдураззоқов гуфт, ки ин моҳнома бештар барои мактабиён матолиби фарҳангӣ чоп мекунад.

Қобили зикр аст, ки баъди пошхӯрии шӯравии собиқ дар нашриёти «Ӯзбекистон»-и Тошканд шӯъбаи махсуси таълиф ва табъу нашри китобҳои дарсии тоҷикӣ ба роҳ монда шуд.

Гуфта мешавад, ки беш аз понздаҳ сол боз дастандаркорони ин шӯъба мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистонро бо китобҳои дарсӣ таъмин мекунанд, ки шумораи ин мактабҳо дар ҳудуди 120-торо ташкил хоҳад кард. Ба ақидаи равшанзамирони тоҷики муқими Қирғизистон агар дар яке аз нашриётҳои шаҳри Бишкек низ бо ибтикори вазорати маориф ва илми кишварашон шӯъбаи табъу нашри китобҳои дарсии тоҷикӣ таъсис ёбад, ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.

Аммо Қодиршои Мурувват, коршиноси масоили фарҳангии муқими Бишкек, мегӯяд, ба роҳ мондани табъу нашри китобҳои дарсӣ мутахассисони баландмалакаро тақозо менамояд, ки феълан дар Қирғизистон ангуштшумор ҳастанд.

Қодиршои Мурувват афзуд, вале бо супориши вазорати маорифи Қирғизистон чанд номгӯй китоби дарсӣ аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва ба дасти чоп супурда шуд, ки соли нави таҳсил барои мактабҳои тоҷикӣ дастрас хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG