Пайвандҳои дастрасӣ

Раис ва муовинони раиси порламон интихоб шуданд


Имрӯз дар Душанбе нахустин иҷлоси Маҷлиси Намояндагони порламони нави Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он Шукурҷон Зуҳуров-намоянда аз Ҳизби Халқӣ-Демократӣ раиси нави Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд. Шукурҷон Зуҳуров то ҳол вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон буд. Амиршо Миралиев-муовини аввали раис, Мирганд Шаҳбозов ва Назира Ғаффорова муовинони раис интихоб шуданд. Миралиев то омадан ба порламон раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Шаҳбозов муовини раиси Кумитаи давлатии омор ва Ғаффорова раиси Институти такмили ихтисоси кормандони давлатӣ буданд. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар иҷлоси имрӯз гуфт, намояндагии Сайдулло Хайруллоев-раиси пешини Маҷлиси Намояндагонро ба Маҷлиси Миллӣ пешнниҳод мекунад. Имрӯз дар нахустин иҷлоси порламони нав руасои кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон низ интихоб шуданд.
XS
SM
MD
LG