Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси намояндагони Амрико бо аксарияти раъйҳо қатъномае дар мавриди «аҳамияти фарҳангӣ ва таърихи»-и Наврӯз, муҳимтарин иди бостонии форсзабононро тасвиб кард.

Маҷлиси намояндагони Амрико ҷашни Наврӯзро ҳамчунин ба ҳамаи мардумоне, ки ин идро таҷлил мекунанд, табрик гуфт.

Ин қатънома аз Куруш, подшоҳи Ҳахоманишҳо қадрдонӣ мекунад ва «Маншури Куруш»-ро нуқтаи атфӣ дар таърихи ҳуқуқи башар медонад.

Дар қатъномаи Маҷлиси намояндагони ИМА ҳамчунин омадааст, «ҷомеаи Амрико ҷомеаи муташаккил аз фарҳангҳову динҳои гуногун аст ва ҷашни Наврӯз арзишҳои ин ҷомеаро, ки бар сулҳ ва комёбиҳо бартарӣ медиҳад, ғанӣ мегардонад.

Ахиран, Созмони милал низ Наврӯзро ҷашни байнулмилалӣ эълон кард ва ин иди форсизабонон ҳамакнун дар тақвими СММ рӯзи хоси худро хоҳад дошт.

Пешнависи қатънома дар бораи ҷашни Наврӯзро бо мувофиқати Туркияву Эрон, Афғонистону Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон, Албанияву Ҳиндустон ва Мақдуния намояндаи Озарбойҷон дар СММ ба Маҷмаи умумӣ пешниҳод карда буд.

Дар қатъномаи СММ гуфта мешавад, ки Наврӯз ба гуфтугӯи байни фарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмии мардумони сайёра кӯмак мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG