Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

C. Ҳусайнӣ: Интизориҳо ва умедвориҳо


Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили дуввуми ин ҳизб дар парлумони ҷадиди кишвар хоҳад буд. Оқои Ҳусайнӣ барои аввалин бор ба Маҷлиси намояндагон меравад.

Ӯ мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки натавонистаанд раъйи додаи мардум ба ин ҳизбро ба пуррагӣ ҳифз ва шумори вакилони худ дар Маҷлиси намояндагонро бештар кунанд, вале талош хоҳад кард, тӯли кор дар порлумон ба иқдомоте даст бизанад, ки ба манфиати мардум ва ҷомеаи кишвар бошад.

Вай гуфт, ки бештарин талошро хоҳад кард, то қавонини марбут ба маориф дар Тоҷикистон ва ҳамчунин қонуни дин ва интихоботи Маҷлиси намояндагон бознигарӣ ва ислоҳ шаванд. Оқои Ҳусайнӣ бар ин назар аст, ки парлумон на танҳо бо эҷоди қонун машғул бишавад, балки аз салоҳият ва ваколатҳои худ дар амри назорати иҷрои қонунҳо истифода карда тавонад.

Боқии таассуроту умедворӣ ва интизороти Сайидумар Ҳусайнӣ дар сӯҳбати радиои Озодӣ бо ӯ.
XS
SM
MD
LG