Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, дар Душанбе, дар нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, даъвати чорум, Шукурҷон Зуҳуров, намояндаи ҲХДТ, раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 63 курсӣ дорад, 10 сол муқаддам таъсис шудааст. Дар порлумони нав 43 курсиро Ҳизби ҳокими Халқии демократӣ дар ихтиёр дорад. Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ ҳар яке ду вакилӣ хоҳанд дошт, 12 нафари дигар вакилони ғайриҳизбӣ ҳастанд.

Интихоботи порлумонии рӯзи 28-уми феврал дар Тоҷикистонро нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо номувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ карданд.

Нахустин ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро кӯҳансолтарин вакили порлумон Амир Қароқулов, раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, оғоз кард. Аввал, феҳрасти вакилон қироат шуд, масоиле, ки имрӯз дар ин ҷаласа бояд матраҳ шаванд, муаррифӣ гардиданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон

Шукурҷон Зуҳуров ягона номзад ба раисии Маҷлиси намояндагон буд ва дар овоздиҳии пинҳонӣ бо аксарияти раъйҳо раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардид. Коршиносон аз қабл ҳадс мезаданд, ки раиси нави Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хоҳад шуд.

Шукурҷон Зуҳуров то номзадӣ ба мақоми вакилии порлумон вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кишвар буд. Исми ӯ дар ҳавзаи Рашт, аз доғтарин ҳавзаҳои интихоботи гузашта, пирӯз эълон гардид. Рақиби Шукурҷон Зуҳуров дар ин ҳавза Давлат Усмон, аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифин ва собиқ вазири иқтисодии кишвар, буд.

Шукурҷон Зуҳуров, хатмкардаи мактаби олии ҳизбӣ дар солҳои Шӯравист, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тӯли фаъолияти худ ӯ ҳам дар парлумон, ҳам дар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ҳам дар сатҳи ноҳия кор кардааст.

Дар нахустин даври музокироти ҳайатҳои ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин дар апрели соли 1994 оқои Зуҳуров роҳбарии гурӯҳи ҳукуматиро бар ӯҳда дошт. Ӯ аз афроди наздик ба раисҷумҳури Тоҷикистон дониста мешавад.

Муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагон

Муовини аввали Шукурҷон Зуҳуров дар Маҷлиси намояндагон собиқ раҳбари Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Амиршо Миралиев бо 61 раъйи тарафдор интихоб гардид. Ӯ соли 1946 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, риштаи агрономии Донишкадаи кишоварзӣ ва соли 1988 мактаби олии ҳизби коммунистро хатм кардааст. Дар солҳои охири Шӯравӣ котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Маскав, Ҳамадонии кунунӣ буд.

Дар солҳои 90 мушовири раисҷумҳур дар умури кадрӣ ва аз соли 2001 раиси вилояти Хатлон буд. Дар поёни соли 2006 ба Душанбе баргашт ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъйин шуд. Дар интихоботи 28-уми феврал дар садри рӯйхати ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Ду муовини дигари Раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова, собиқ ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хидматчиёни давлатӣ ва Миргант Шаҳбозов, собиқ раиси Кумитаи омор интихоб гардиданд. Хонум Ғаффорова аз ҷониби ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вакил интихоб шуд ва ҷаноби Шаҳбозов низ бо пешниҳоди ҲХДТ аз ҳавзаи Хоруғ ба порлумон омад.

Раисони кумитаҳои порлумон


Бо пешниҳоди раиси порлумон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон низ интихоб шуданд.

Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумитаи амният ва дифоъ, Сафаралӣ Раҷабалӣ, раиси Кумитаи иқтисод ва молия, Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, Саиди Ёқубзод, раиси Кумитаи кишоварзӣ ва муҳити зист, Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи илм, таҳсилот ва фарҳанг ва ҷавонон, Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумитаи умури иҷтимоӣ, тандурустӣ ва оила ва Амир Катаев, раиси Кумитаи энержӣ ва саноъат интихоб шуданд.

Инчунин Давлаталӣ Давлатов, раиси Камисюни ташкили кори порлумон интихоб шуд.

Ба ин тартиб, ҳамаи ҳайати раҳбарии МН, аз ҷумла раис, муовинони ӯ ва раисони кумитаҳои порлумон ҳамагӣ намояндагони ҲХДТ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG