Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, мунтазири посухи Исроил аст


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ҳанӯз ҳам мунтазири посухи “расмии” Исроил дар робита ба нигарониҳои Амрико дар мавриди эъломи Исроил доир ба бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ мебошад. Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, раҳбари вазорат Ҳилларӣ Клинтон, аз Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил доир ба барномаи шаҳраксозӣ ва тааҳудоти ҳукуматаш дар мавриди музокироти ғайримустақим бо Фаластиниён талабҳои мушаххасе кардааст. Филип Кровлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, Вашингтон ҳанӯз ҳам мунтазири посухҳои Исроил ба талабҳои хонум Клинтон аст. Вай афзуд, Исроил ҳамчунон як шарики стротежии Амрико боқӣ мемонад ва тааҳудоти Иёлоти Муттаҳида ба амнияти Исроил “таконнохӯрданӣ” аст. Мақомоти Амрико пеш аз ин эъломи Исроил дар мавриди бунёди 1600 манзили нав дар Байтулмуқаддаси Шарқиро “тавҳин” ба Иёлоти Муттаҳида хонданд.
XS
SM
MD
LG