Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иҷлосияи нахустини Маҷлиси Намояндагон


Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи нахустини Маҷлиси Намояндагон даъвати чорум баргузор мешавад. Интизор меравад, ки вакилони палатаи поёни порлумони Тоҷикистон дар ҷараёни иҷлосия аз ҷумла раиси Маҷлиси намояндагон ва муовинони онро интихоб кунанд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 63 курсӣ дорад 10 сол муқаддам таъсис шудааст. Дар порлумони нав 43 курсиро Ҳизби ҳокими Халқии демократӣ дар ихтиёр доранд. Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ ҳар яке ду вакилӣ хоҳанд дошт, 12 нафари дигар вакилони ғайриҳизбӣ ҳастанд. Интихоботи порлумонии рӯзи 28 феврал дар Тоҷикистонро нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо номувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG