Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон фаъолияти як ҳизби бузургро мутаввақиф кард


Ҳукумати Эрон эълом кард, ки фаъолияти Ҳизби Мушорикат бузургтарин ҳизби ислоҳталаби кишварро муттавақиф кардааст. Сайид Солат Муртазавӣ - муовини вазири умури дохилаи Эрон, гуфт, қувваи қазоия, Ҳизби Мушорикати Исломии Эрон аз муҷаввиз барои фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора хабаргузории нимасрасмии ИСНА иттилоъ додааст. Ҳизби Мушорикати Исломӣ бо нашри як баёния гуфт, ҳукумати Эрон бо мамнӯъ кардани анҷумани солонаи ҳизб, ки қарор буд, 11 март баргузор шавад, Қонуни Асосиро поймол кардааст. Ба гуфтаи ҳизб, ҳеҷ ҳукме доир ба манъи фаъолияти ҳизб содир нашудааст.
XS
SM
MD
LG