Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи Миллибанд доир ба барномаҳои атомии Эрон


Дейвид Миллибанд – вазири умури хориҷаи Бритониё, дирӯз гуфт, барномаҳои атомии Эрон барои суботи ҷаҳон “хатари воқеъӣ” эҷод мекунад ва қудратҳои умдаи ҷаҳон бояд дар як саф қарор гирифта ва нагузоранд, то Эрон ба як кишвари мусаллаҳ бо бомби атомӣ табдил шавад. Дейвид Миллибанд гуфт, ҳангоми мулоқот бо Вен Ҷибао – нахуствазир ва Янг Йечӣ - вазири умури хориҷаи Чин “шеваҳои расидагӣ ба хатари воқеъии барномаҳои атомии Эрон барои суботи байналмилалиро” баррасӣ хоҳад кард. Вазири умури хориҷаи Бритониё дар ин бора ҳангоми сафараш ба Чин сухан гуфт, ки ин кишвар ба эъломи таҳримоти бештари байналмилалӣ алайҳи Эрон мухолифат мекунад. Вай афзуд: "Чин ва Бритониё ва ҳама мувофиқанд, ки Эрон набояд бо бомби атомӣ мусаллаҳ шавад. Ҳамаи мо ба стротежии дуҷанбаӣ тавофуқ кардаем, ки аз як тараф музокирот бо Эронро дар назар дорад ва ҳамзамон фишор ба онро." Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез доранд ва ин кишвар дар пайи сохтани бомби атомӣ нест.
XS
SM
MD
LG