Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Саакашвилӣ аз гузориши ҷанҷолбарангез


Михайил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури Гурҷистон, баъди ҳимоят аз як барномаи баҳсбарангези телевизионӣ аз он фосила гирифт. Як телевизиони ҳукуматгарои Гурҷистон рӯзи шанбе гузориши бофтаеро доир ба таҷовузи низомии Русия ба он кишвар нишон дода, воҳимаву ҳаёҳуеро дар Гурҷистонро бапо кард. Михайил Саакашвилӣ дар аввал гуфт, ин гузориш, “хатари воқеъии бармеомада аз Русияро” намоиш медиҳад. Аммо бо афзоиши интиқодоти байналмилалӣ вай гуфт, гузориши мазкур барои ҷомеаи Гурҷистон “зиёновар” будааст. Телевизиони “Имедӣ” дар ин гузориш мегуфт, ки тонкҳои Русия ба Гурҷистон ворид шуда ба самти Тифлис ҳаракат мекунанд. Ва Михайил Саакашвилӣ кушта шуда ва баъзе аз сиёсатмадорони мухолифин ба ватанашон хиёнат карда ва ба тарафи Маскав гузаштаанд.
XS
SM
MD
LG