Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Афғонистон


Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, нерӯҳои амниятӣ панҷ бомбгузори маргталабро куштанд, ки қасд доштанд, ба қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар вилояти Пактико ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда анҷом бидиҳанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, се бобмгузорро пеш аз расидан ба ҳадафҳояшон дар шаҳри Бармал, воқеъ дар марзи Покистон маҳв карданд. Ду нафари дигарашон ҳангоми тирандозии кӯтоҳе бо маъмурони пулис кушта шудаанд. Ҷангҷӯёни Толиб тайи чанд вақти ахир ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда дар Афғонистонро афзоиш дода ва аз ҷумла рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳри Қандаҳор бештар аз 30 нафарро ҳалок карданд.
XS
SM
MD
LG