Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми як гурӯҳи сартарошидаҳоро эълом мекунанд


Як додгоҳи шаҳри Санкт Петербург дирӯз 11 сартарошидаи русро ба бегонаситезӣ ва аз қатли як миллати ғайрирус гунаҳкор донист. Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, ин гурӯҳи 11 нафарии сартарошидаҳои рус чанд муҳоҷири молдованӣ, арманӣ, ӯзбак ва як шаҳрванди Камерунро дар моҳи феврали соли 2007 ханҷар задаанд. Яке аз маҷрӯҳон аз захми корд ҳалок шудааст. Додгоҳ гуфт, дар рӯзҳои оянда нисбат ба ин гурӯҳи ҷавонони сартарошид, ки ҳама аз шаҳри Санкт Петербург будаанд, ҳукми худро эълом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG