Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон: "Бунёди хонаҳо дар Байтулмуқаддас ғайриқонунист"


Катрин Эштон, раиси бахши умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, дар Қоҳира гуфт, ки тасмими Исроил барои бунёди 1600 хонаи нав дар маҳаллаҳои яҳудинишини Байтулмуқаддаси шарқӣ баргузории музокирот миёни Исроилу Фаластинро зери суол мебарад. Ӯ ин хонаҳоро “ғайриқонунӣ” номид. Дар ҷараёни нахустин сафараш ба минтақа хонум Эштон имрӯз масоили марбут ба раванди сулҳи Ховари Миёнаро бо вазири умури хориҷаи Миср Аҳмад Абдулғайт баррасӣ кард.
Қарор аст дар тули сафари панҷрӯза раиси бахши умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз Сурия ва Исроил ва, эҳтимолан аз навори Ғазза, ҳам дидан кунад. Катрин Эштон мехоҳад нақши Иттиҳодияи Аврупо дар роҳи аз сар гирифтани музокироти сулҳи Ховари Миёнаро дар ҳоле боло барад, ки талошҳои ИМА барои эҳёи гуфтушунид миёни Исроил ва Фаластин ноком шуданд.
Дар вокуниш ба интиқоди намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА имрӯз сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бори дигар изҳор намуд, ки бунёди манозил дар Байтулмуқаддаси шарқӣ идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG