Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар талоши нон, то пои мурдан


Ашкрезии гурӯҳе аз ҷамъомадаҳо ва гиребони тавба гирифтани қисмати дигар маро ҳам беихтиёр назди издиҳом бурд. Дар миёни анбӯҳ рӯи замин, назди аробаи пурбор, ҷисми лоғару беҷони ҷавони ҳудудан 23 солае мехобид.

Дидани издиҳоми мардум дар атрофи бозори бузурги шаҳр, Саховат албатта ҷои тааҷуб ё ҳайрат нест, вале мушоҳидаи ашкрезии гурӯҳе аз ҷамъомадаҳо ва гиребони тавба гирифтани қисмати дигар маро ҳам беихтиёр назди ин анбӯҳи бурд. Дар миёни издиҳоми одамон рӯи замин, назди аробаи пурбор, ҷисми лоғару беҷони ҷавони ҳудудан 23 солае мехобид. Ин ҷасади Ҳусейн ё тавре дӯстонаш дар бозор ӯро ном мебурдаанд, Ҳусейнча будааст, ки он рӯз ҳам мисли рӯзҳои дигари корӣ ба хотири ба даст овардани маблағе барои табобати бародари маризаш, бо ароба, ягонаи манбаи даромадаш, ба коргоҳи худ, бозори Саховат ҳозир мешавад, бехабар аз он, ки ин охирин рӯзи корӣ ва зиндагии ӯ хоҳад буд. Умед ҷавони 20 солае, ки ҳамроҳ бо марҳум Ҳусейн дар ин бозор ба кашидани ароба машғул аст, он рӯз ҳам бо ӯ якҷо будааст ва чунин қисса мекунад.

“Бо мо хела кор кард, як-ду сум ҷамъ кард, бегоҳ шуд, гуфт меравам хона, мебаромад, ки бемориаш хуруҷ карду афтид. Хостем ба беморхона баремаш, таксиҳо ба гардан нагирифтанд, гуфтанд ҷон медиҳад дар роҳ. Баъд ҳамин ҷо фавтид.”

Ба нақли Умед, Ҳусейн, ки 5 сол қабл аз ноҳияи Ҳамадонии Хатлон ба хотири дарёфти маблағ ба пойтахт омада, аробакашӣ мекард, сарнавишти талх доштааст. Волидон ва аҳли хонаводааш бар асари бемории сил фавтидаанд, худи ӯ низ аз ин беморӣ ранҷ мебурд, вале бо ин вуҷуд ба хотири табобати ягона бародари зинда мондааш, ки бистарӣ ва вазъи саломатиаш хеле бад будааст, пайваста кор мекард.
Умед мегӯяд, борҳо шоҳид шуда буд, ки дӯсташ ҳангоми кашонидани бор аз пой афтида бехуд мешуд, аммо бо кумаки атрофиён ба пой хеста боз корашро идома медодааст.

Дар пайи ин қиссаи дардолуд, Умед ҳамчунин гуфт, дар байни ҳамтоёни дигари ӯ он наврасу ҷавононе, ки дар ҳама фасли сол,чӣ сармову чӣ гармо, бо хӯроки на чандон хуб ба иҷрои корҳои сангин, ба вижа кашонидани беш аз 100 килло вазн машғуланд, кам нестанд нафароне, ки мубталои бемориҳои мухталифи ҷиддӣ гаштаанд, вале шароити бади хонаводагӣ онҳоро водор мекунад, ки боз ҳам дар пайи дарёфти маблағ бори гарони зиндагиро бо аробаи пурборашон пеш бубаранд.
Табибон мегӯянд, иҷрои корҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла кашонидани ароба ва вазни зиёд новобаста ба синну сол, агар ҷисми инсон хуб рушд карда бошад ҳеҷ зарар надорад, баръакс ба манифат аст, вале ба қавли Миралӣ Одинаев табиби тоҷик ба далели камбизоатӣ ва набуди имкони истеъмоли хӯрокҳои хубу серғизо, наврасону ҷавононе дар бозор ба корҳои сангин машғуланд, ки ҷисмашон ба таври кофӣ инкишоф наёфтааст ва ин боиси ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудани онҳо мешавад.

Ҷаноби Одинаев мегӯяд: “Пайдо шудани грижа, чура дар ин гурӯҳи ҷавонон зиёд мушоҳида мешавад. Баъд таъсири бори вазнин ба сутунмуҳраи одам зиёд аст. Аз сӯи дигар вақте кас кори ҷисмонӣ мекунад, организм маводҳои серғизо талаб мекунад, вале набуди ингуна хӯрокҳо ба лоғаршавии ҷисм ё бемории дистрофия оварда мерасонад.”

Мушкили кори сангини наврасону ҷавонон ва истифода аз нерӯи онҳо мавзӯест, ки пайваста аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятиву байнулмиллалӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва пажӯҳиш қарор мегирад, аммо чунин ба назар мерасад, ки ин мушкил, хеле кам тағир кардааст.

Шӯҳрат Раҳматов, раҳбари маркази “Насли Наврас” мегӯяд, аксари ин гурӯҳи наврасону ҷавонон аз ноҳияву деҳоти дурдасти кишвар барои дарёфти маблағ ба пойтахт меоянд ва дур аз волидон дар шароитҳои хеле бадӣ беҳдоштӣ зиндагӣ ва кор мекунанд. Ӯ мегӯяд: “Мо дар ин самт таҳқиқотҳо доштем ва мушоҳида мешуд, ки ҳатто дар рӯзҳои сарду барфии зимистон ин ноболиғону ҷавонон ба хотири даёфти қути лоямут мошиншӯйӣ мекарданд ва аробакашӣ мекарданд. Мо зимни як таҳқиқотамон барои муайян кардани бемориҳои ин гурӯҳ наврасону ҷавонон ҳамроҳамон духтур гирифта будем ва дар байни онҳо бемориҳои илтиҳобӣ ва сармохӯрдагӣ мушоҳида мешуд. Онҳо дар таҳхонаҳои сард зиндагӣ мекарданд ва бархе ҳатто дар сардиҳо ҳам бо пояфзоли дарида ва либос сабук кор мекарданд.”

Бар асоси омори 2 соли пеши бонки ҷаҳонӣ, ҳар кӯдаку навраси 8-ум дар Тоҷикистон ба навъҳои мухталифи меҳнат ҷалб мешаванд. Нодориву тангдастии хонаводаҳо онҳоро водор месозад то ба хотири дарёфти маблағ ба корҳони сангину сиёҳ машғул шуда, саломатии худро зери хатар гузоранд.
XS
SM
MD
LG