Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд ҳафта қабл аз Наврӯз, аз зери охирин барфҳои зимистон гули сияҳгӯшу бойчечак ва зардак сар аз хок берун мекунанд ва мужда аз баҳору Наврӯз медиҳанд.

Кӯдакон, ки дар ин айём ба сайри кӯҳсор мераванд, нахуст гулҳои баҳориро чида ва ба манзили ҳамдеҳагон мешитобанд. Аз қадами баҳор ба мардум мужда мерасонанд ва ҳам бар иваз тӯҳфа мегиранд.

Дар гузашта, ки мардум зиндагии сангин дошт ва маъмулан дар ин рӯзҳои аввали баҳор захираи ғизо ба поин мерасид, ин муждаро фоли нек медонистанд, ки ба баҳори нав расиданд. Он замон тӯҳфа ба атфол ҳар навъ ғизо ва ғалладона буд. Ва кӯдакон ин ҳамаро ҷамъ оварда ба дашт мерафтанд, аз он ғизоҳои мухталиф таҳия карда ва бо ҳам хӯрдаву шодиву бозӣ мекарданд. Ин маросимро дервешона мегуфтанд.

Ин ойини истиқбол аз баҳору Наврӯз ҳоло ҳам боқист, ҳарчанд оҳиста-оҳиста ба боди фаромӯшӣ меравад. Гулгардонӣ умдатан дар деҳоти кӯҳистон ҳифз шудааст. Вале тақрибан ранг дигар кардааст. Бар ивази муждаи баҳор ва гулгардонӣ кӯдакон феълан на ғизову ғалладона, балки ширинӣ мегиранд.

Навори радиои «Озодӣ» аз расми гулгардонӣ, таҳияи суманак ва омодагӣ ба Наврӯзи Аҷам аст:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG