Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди нақби "Чормағзак" шурӯъ шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маросими шурӯъи бунёди нақби "Чормағзак" ширкат кард. Ба иттилоъи дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ин тарҳи муштараки Тоҷикистону Чин ва як бахши навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара аст. Нақби "Чормағзак" 4 километру 450 метр тӯл хоҳад дошт ва қарор аст бунёди он баъд аз се сол поён ёбад. Барои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара ва бунёди нақби “Чормағзак” 630 миллион сомонӣ (143 миллион доллар) ҷудо шудааст. Баъд аз бунёди ин нақб роҳи Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб назар ба роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб сад километр наздиктар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG