Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии ҳизби ҳукмрони Русия дар интихоботи минтақаӣ


Ҳамаи чаҳор ҳизби бузурги Русия соҳиби курсиҳо дар маҷлисҳои минтақаӣ шуданд. Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботии Русия, дар интихобот ба маҷлисҳои шаҳриву минтақаӣ, ки рӯзи якшанбе баргузор гардид, ҳизби “Русияи воҳид” бештари ҷойҳоро соҳиб шудааст. Ҳизби коммунист, “Русияи боадолат” ва ҳизби либерал-демократӣ изҳор намуданд, ки аз натиҷаҳои интихобот розиянд. Гуфта мешавад, ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар интихобот дар вилояти Иркутск заҳри бохтро чашидааст – дар интихоботи шаҳрдори Иркутск ва мири шаҳри Уст-Илимск номзадҳои ҳизби коммунист пирӯз шуданд.
Аз дигар аҳзоби сиёсии Русия - ҳизби “Яблоко” дар интихоботи вакилони Думаи шаҳри Тула 11 дар сади раъйҳоро соҳиб шуд. Номзадҳои ин ҳизб дар думаҳои шаҳри Астрахан, кишвари Перм ва шаҳри Миассаи Челябинск низ соҳиби чанд мандат шуданд.
Комиссиюни марказии интихоботии Русия изҳор намуд, ки дар ин маъракаи сиёсӣ тақаллуб ва қонуншиканиҳои ҷиддӣ мушоҳида нашудааст. Ва аммо нозирон гуфтанд, ки онҳо далелҳои фаровони тарғиботи ғайриқонунӣ, ришват ба раъйдиҳандагон ва истифода аз нерӯи мақомоти маҳаллиро зери даст доранд.
XS
SM
MD
LG