Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати мунсифа нажодпарастонро айбдор кард


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳайати мунсифа 11 нафарро дар ҳамла ба шаҳрвандони хориҷӣ бар пояи адовати қавмиву нажодӣ муттаҳам донист. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳама муттаҳамон сокинони шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград мебошанд. Тафтишот собит кард, ки онҳо моҳи феврали соли 2007 ба шаҳрвандони Молдова, Арманистон, Узбакистон ва Камерун ҳамла карда, ба онҳо корд задаанд. Дар ин ҳамлаҳо як нафар ба ҳалокат расидааст. Қарор аст, ки рӯзҳои наздик додгоҳ ҳукми зиндони онҳоро муқаррар ва эълон кунад.
XS
SM
MD
LG