Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Неъматулло Ботақозиев, як фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон, ки барои дархости паноҳҷӯйӣ ба Тоҷикистон омада дар охири моҳи феврал нопадид шуд, дар боздоштгоҳи муваққате дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ бародари ӯ Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадтоҳир хабар дод, ки ахиран бо Неъматулло Ботақозиев дидор кардааст. Муҳаммадтоҳир дар сӯҳбат ба мо вазъи бародарашро нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки зоҳиран Ботақозиев мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

“Неъматулло бемории қалб дорад. Базӯр ҳаракат мекунад. Вай ҳарчи зуд ба кӯмаки табибон эҳтиёҷ дорад. Вай дар камераи якнафарӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ранги рӯяш ҳам сафед шудаасту бо азоб гап мезанад”
, - афзуд ӯ.

Дар боздоштгоҳи оворагардон

Масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ хабари нигаҳдории Неъматулло Ботақозиев дар қабулгоҳи махсуси оворагардони Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони “Молодая Гвардия”-ро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки Ботақозиев аз сӯйи маъмурони интизомӣ боздошт шуда, ҳоло тафтиши қазияи ӯро маъмурони Кумитаи амнияти миллӣ ба ӯҳда доранд.

Хабари якбора ғайб задани Неъматулло Ботақозиев, узви созмони “Права истина” ва шаҳрванди Қирғизистон, рӯзи 26-уми феврал дар расонаҳо пайдо шуд. Вай барои дархости паноҳҷӯӣ ба Тоҷикистон омада буд ва бори ахир ӯро кормандони дафтари Кумиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳҷӯён дар шаҳри Душанбе дидаанд.

Яке аз кормандони намояндагии ин созмон дар Душанбе, замоне ки Ботақозиев нопадид шуд, ба Надежда Атаева, раиси анҷумани "Ҳуқуқи Башар дар Осиёи Марказӣ" мақараш дар Фаронса, хаттӣ хабар додааст, ки Ботақозиев чун паноҳҷӯ дар дафтари Душанбе сабти ном шудааст, вале ба вай то ҳол ҳуҷҷат надода будаанд.

Вокуниши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар

Ҳафтаи гузашта Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Порис низ бо пахши як баёния аз созмонҳои ҳуқуқи башари байнулмилалӣ даъват кард, ки барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани Неъматулло Ботақозиев кӯмак кунанд.

Ботақозиев аз соли 2008 ба ин сӯ мавриди таъқиби кормандони ниҳодҳои интизомии Қирғизистон қарор дошт. Мақомоти ин кишвар ӯро барои даст доштан дар ташкили тазоҳурот муттаҳам медонанд.

Паём Фурӯғӣ, як фаъоли ҳуқуқи инсон дар Душанбе, мегӯяд, чунин нопадид шуданҳо дар Тоҷикистон барои аввалин бор нест. Вай аз қазияе, ки ба сари Муҳаммади Салимзода, як шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон, ки ба иттиҳоми ҷосусӣ ба зиндон маҳкум шуд, ёдоварӣ мекунад ва мегӯяд, вуҷуди ӯ низ танҳо пас аз панҷ моҳи боздошташ аз сӯйи маъмурони амниятӣ ошкор шудааст.

Нигарониҳо аз сарнавишти Ботақозиев

Ҳамчунин ба гуфтаи Паём Фурӯғӣ ҷои нигаронӣ аст, ки Неъматулло Ботақозиев дар боздоштгоҳе ҳамроҳи муҷримону оворагардон нигаҳдорӣ мешавад, на дар ҷои махсусе: “Афрод мебояд аз ҳамон лаҳзае, агар дар назди органҳои амниятӣ ҳам бошанд, ин озодиро дошта бошанд, ки бо вакил ва пайвандони худ сӯҳбат кунанд. На танҳо онҳоро бинанд, балки як ба як ва маҳрамона сӯҳбат анҷом диҳанд. То ҷое, ки ман медонам инро ҳам қонунҳои Тоҷикистон ва ҳам қонунҳои байнулмилал иҷоза додааст”.

Бо ин ҳол, намояндагии созмонҳои байнулмилали ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар робита ба қазияи Неъматулло Ботақозиев садо баланд накардаанд. Ин танҳо Муҳаммадтоҳир, бародари Ботақозиев аст, ки мехоҳад барои раҳоии бародараш кӯмак кунад. Вай дар як муроҷиатнома ба унвонии созмонҳои байнулмилал навиштааст, эҳтимол ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон бародари ӯро ба кишвари ҳамсоя ва дӯсти худ Қирғизистон истирдод кунанд ва Ботақозиев дар он ҷо ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG