Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати ду фармондеҳи "Ал-Қоида" дар Яман


Мақомоти Яман хабар доданд, ки бар асари амалиёти низомӣ дар ҷануби кишвар ду фармондеҳи созмони “Ал-Қоида” ба ҳалокат расиданд. Дар изҳороти ахири вазорати дифоъи Яман гуфта шудааст, ки ин фармондеҳон “барои ҳамла ба чанд муассисаи ҳаётан муҳими кишвар омодагӣ мегирифтанд”. Низомиён афзудаанд, ки ҳамлаи ҳавоӣ ба қароргоҳи ошӯбгарон дар вилояти Абён, воқеъ дар ҷануби Яман, сурат гирифтааст. Ва аммо онҳо аз ироаи ҷузъиёти бештар, аз ҷумла, ифшои ному насаби ошӯбгарони кушташуда, худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG