Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони ҲНИТ дар порлумон ширкат мекунанд


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ эълон кард, ки ду вакили ин ҳизб дар порлумони нави Тоҷикистон ҳузур хоҳанд ёфт. Вале, ба гуфтаи ӯ, ин маънои даст кашидан аз шикоятҳои додгоҳиро надорад.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ҲНИТ бо назардошти шароити кунуни ҳизб, кишвар ва минтақа ва ҳифзи дастовардҳои худ, фаъолияти худро дар парлумон идома медиҳад. Ӯ меӯяд: «Ин тасмим барои мо бисёр душвор буд. Агарчи бисёриҳо интизор доштанд, ки шояд ҳамон тавре гуфтем, эҳтимоли нарафатан ба маҷлис вуҷуд дошт. Бешак агар ҲНИТ тасмим мегирифт, ки ба маҷлис намеравад, шояд дар назар як идда доираҳои таҳлилӣ ва бахусус интихобкунандагон сафри назар аз мансубияти ҳизбиашон як каме бештар қаноатманд мешуданд ва инро вокуниши ҷиддӣ ба натиҷаиҳои интихоботи тақуллубӣ медонистанд. Мо ба раъйи интихобкунандагон эҳтиром дорем, ҳаққи онҳоро ҳимоя ҳохем кард, вале набояд фаромӯш кард, ки масъулитяи дигаре низ дар дӯш дорем, масъулияти сулҳу субботро на танҳо дар кишвар, балки минтақа.»

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, аз тарафи дигар талошҳои худро дар баҳси додгоҳӣ идома хоҳад дод ва қонеъ набудани худро аз натоиҷи интихобот бо ҳар навъе бошад, баён кунад. Барои идомаи баҳси додгоҳӣ ҲНИТ далелҳои қавӣ дорад. Ва ягона ниҳоде, ки метавонад дар натоиҷи интихобот таъсир гузорад ва онро тағийр диҳад, мақомоти додгоҳӣ мебошанд.

Таҳлилгарон ин вазъро ба гунаи сухлатиф, яке бохти ҲНИТ ва иддаи дигар истифода аз кӯчактарин шанс унвон мекунанд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки ворид шудани ду номзади ҲНИТ ба парлумон на бурд ва на бохти ин ҳизб аст. Зеро ҲНИТ ба порлумон ворид нашавад, муносибати ҳукумат бо ҳизб сард хоҳад шуд. Ва дигар ин ки ҳар яқ қадами онҳо метавонад боиси тезу тунд шудани вазъ гардад. Ва порлумон як минбари муаррифӣ ва матраҳ кардани афкори наҳзатиён мегардад ва бо ин васила онҳо метавонанд ки мавзеъи ҳизби хешро талқин кунанд.

Ӯ мегӯяд: «Агар ҲНИТ ба порлумон наравад, вазъият бад мешавад. Ва ҳукумат ҳам ин муносибати ҲНИТ-ро эътироз қабул мекунад».

Сайфулло Сафаров, таҳлилгари масоили сиёсӣ воридшавии ҲНИТ ба порлумонро ба манфиати худи ҳизб маънидод карда, мегӯяд ки воридшавии ҲНИТ ба парлумон ба манфиати ҳукумат нест, балки бештар ба нафъи худи он ҳизб аст.

Дар ҳоле вкилони ҲНИТ ба парлумон мераванд, ки ду ҳафтаи пеш ин ҳизб аз рафтан ва ё нарафатан ва ҳатто аз тасмимҳои ҷиддие ба монандаи гуруснанишинӣ, роҳпаймоӣ дар робита ба натоиҷи интихобот садо баланд карда буд. Натоиҷи интихоботро Ҳизби наҳзати исломӣ ғайридемократӣ ва пур аз тақаллуб номид ва аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шуд.

Дар интихоботи рӯзи 28-уми феврал, тибқи натиҷаҳои расмӣ ҲНИТ 8, 2 дарсади раъйи мардумро ба даст овард ва танҳо ду номзади он, Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ ба порлумон роҳ ёфтанд. Ба маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳо аз ҲНИТ 42 вакил ва ба маҷлисҳои шаҳру навоҳӣ 43 вакил роҳ ёфтанд.

Ба гуфтаи оғои Кабирӣ ҳарчанд, ки ҲНИТ барои маълум кардани раъйи номзадҳои мағлубаш ҳизб ба КМИ муроҷиат кардааст аммо то ҳанӯз посух нагирифтааст.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, Ҳизби наҳзати исломӣ барои баррасии шикоятҳои додгоҳии худ дар робита ба натоиҷи интихоботи парлумонӣ як гурӯҳи вакилони дифоъро даъват кардааст.

Ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қарор аст, 16 марти соли 2010 баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG