Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 4,5 тонна маводи мухаддир дар як сол


Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дар соли 2009 беш аз 4,5 тонна маводи нашъаоварро мусодира кардаанд.

Масъулони ин ниҳод ҳангоми муаррифии гузориши солонаи худ дар ин бора иттилоъ доданд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин муддат болоравии ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ беш аз ҳазор ҷиноятро дар ин замина ошкор кардаанд.

Бино ба ин гузориш, давоми соли 2009 ҳудуди 800 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёти марбут ба мухаддирот аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон бо такя ба омори Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар соли гузашта бештар аз 8 ҳазор нафар муътодони маводи мухаддир дар кишвар сабтином шудаанд, ки нисфи ин теъдод ба шаҳри Душанбе рост меояд. Ҳудуди 400 нафари нашъамандон занон гуфта мешаванд.

Ба гуфтаи ин ниҳод 80 дарсади ин нашъамандон аз героин истеъмол мекунанд, ки яке аз навъҳои хатарноку марговари мухаддирот аст.

Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар бораи натоиҷи фаъолияти худ ҳарсола гузориш пахш мекунад. Дар гузориши қаблияш ин ниҳод аз мусодираи беш аз 6 тонна маводи мухаддир дар Тоҷикистон иттилоъ дода буд.
XS
SM
MD
LG