Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷори мошин дар Фаллуҷа боиси ҳалокати 7 кас шуд


Ба гуфтаи полиси Ироқ, бар асари инфиҷори мошин дар шаҳри Фаллуҷа 7 сокини осоишта кушта ва 13 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар хиёбони пуриздиҳоми маркази шаҳр мунфаҷир кард. Фалуҷа, воқеъ дар ғарби Ироқ, қаблан аз такягоҳҳои мусаллаҳони суннимазҳаб маҳсуб мешуд ва аммо вазъи амниятӣ он ҷо солҳои ахир баъд аз он беҳбуд ёфт, ки мусаллаҳони собиқ дар мубориза бо Ал-Қоида бо нерӯҳои амрикоӣ пайвастанд.
Инфиҷори маргталабонаи ахир нахустин ҳамлаи бузург баъд аз ҳамлаҳо дар рӯзи интихоботи парлумонии кишвар дар рӯзи 7 март аст.
XS
SM
MD
LG