Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 нафар бар асари сангрезӣ дар Айнӣ


Дар пайи сангрезӣ дар минтақаи Айнии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 3 нафар ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар захм бардоштаанд.
Хабарнигори радиои Озодӣ аз минтақа иттилоъ дод, ки ин ҳодиса дар наздики деҳаи Патеи ноҳияи Айнӣ рух додааст ва дар пайи сангрезӣ
як мошин бо мусофиронаш ба дарёи Фон сарозер шудааст. Дар натиҷа ронандаи мошин, Раҳмон Ҷалолови 41-сола ва Гулрафтор Раҳмоноваи 38-сола ҳалок шуда, Шермурод Эшмуродови 47-сола ва Меҳрона Раҳмоноваи 10-сола ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG