Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони дипломатӣ миёни Амрико ва Исроил


Масъалаи манзилсозӣ дар Байтулмуқаддаси шарқӣ аз мавзӯъҳои аслии нишастҳои ахири ҳукумати Исроил аст
Масъалаи манзилсозӣ дар Байтулмуқаддаси шарқӣ аз мавзӯъҳои аслии нишастҳои ахири ҳукумати Исроил аст

Эъломи Исроил дар бораи нақшаи бунёди 1600 манзил барои яҳудиҳо дар қаламрави арабнишини Байтулмуқадас бӯҳрони дипломатӣ миёни ин кишвар ва Амрикоро ба бор овардааст.

Мушовири раисиҷумҳури Амрико Дэвид Акселрод зимни як нишасти хабарӣ тасмими Исроилро "таҳқир ба худ" хонд ва гуфт, ин иқдом талошҳои ИМА барои сулҳ дар минтақаро халалдор мекунад.

Аксарияти таҳлилгарон ин қазияро бузургтарин бӯҳрон дар муносибати ин ду ҳампаймони наздик дар тӯли даҳсолаҳо арзёбӣ мекунанд.

Ба назар мерасад, ки ин ихтилоф тавсеа меёбад, чун бо вуҷуди узрхоҳии ошкорои Нетаняҳу мақомдорони аршади Амрико ба сарзаниши нахуствазири Исроил идома медиҳанд.

Ин тасмим дар ҳоле эълон гардид, ки муовини раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Исроил сафар анҷом медод. Мақомоти Исроил гумон доштанд, ки бо пӯзиш бӯҳрон хотима меёбад. Аммо вокуниши ИМА нишон дод, ки кор хеле ҷиддитар аст.

Сарзаниши нахуствазири Исроил

Вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ қаблан зимни як сӯҳбати телефонӣ Нетаняҳуро сарзаниш кард. Вай пас аз ин сӯҳбат дар ҳузури хабарнигорон иқдоми Исроилро “тахқир” арзёбӣ кард.

Рӯзномаи исроилии “Маарив” навиштааст, ки шиддати бӯҳрон паст нашуда, ба сатҳи нав баромадааст. Ба навиштаи рӯзнома, муносибатҳои ду кишвар дар тӯли даҳсолаҳо дар чунин вазъи муташанниҷ набудааст.

Исроил Вошингтонро муттаҳиди муҳимтарини худ медонад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки бӯҳрон бар асари кӯшишҳои Нетаняҳу барои пайдо кардани мувозинат миёни аъзоёни ҳукумати ростгарояш ва ИМА ба амал омадааст.

Вошингтон ба Исроил фишор меорад, то ки бо фаластиниҳо сари мизи музокироти сулҳ бишинад, аммо аъзои эътилофи ҳукумати Исроил дар аксар ба ин мухолифанд.

Собиқ вазири умури хориҷаи Исроил бӯҳронро бисёр ҷидди номид. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон вай гуфт, ки вазъ бисёр ҷиддист ва Нетаняҳу бояд мунсифона ба талабҳои ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ посух диҳад.
XS
SM
MD
LG