Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз аз таъсисёбии «Ҷумҳурият», куҳансолтарин нашрияи расмии Тоҷикистон, 85 сол пур мешавад. Нахустин шумораи ин рӯзнома бо номи «Иди тоҷик» 15 марти соли 1925 дар Душанбе ба нашр расидааст.

Метавон гуфт, ки тӯли фаъолияти худ ин нашрия тавонистааст ҳаводис ва рӯйдодҳои муҳими ҷумҳуриро инъикос карда, дар рушду такомули матбуот дар Тоҷикистон саҳми мустақим бигузорад.

«Модари матбуоти тоҷикӣ»

«Ҷумҳурият» замоне таъсис ёфт, ки ҳанӯз Тоҷикисон як кишвари мустақил набуд. Ин нашрияро устод Садриддин Айнӣ «модари матбуоти тоҷикӣ» унвон карда ва дар сафаҳоти он Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва садҳо тан аз олимону рӯшанфикрони тоҷик мақолаҳо ва матлабҳои пурарзишеро ба чоп расондаанд. Нахустин сармуҳаррири ин нашрия Аббос Алиев буд.

Тӯли солҳои фаъолият ин нашрия бо номҳои «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ» ва «Ҷумҳурият» ва бо ҳуруфи форсӣ, лотинӣ ва сирилик чоп шудааст. Соли 2000 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин нашрия мақоми нашрияи расмии Тоҷикистон дода шуд.

Радиои Озодӣ дар робита ба ҷашнвораи "Ҷумҳурият" бо сардабири ин нашрия Камол Абдураҳимов сӯҳбате орост, ки барои шунидани он ишораи аудио дар гӯшаи саҳифаро "нохун" занед.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG