Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои даври дуввуми интихобот дар Конибодом


Мақомоти интихоботии Тоҷикистон эълом карданд, ки дар даври дуввуми интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Конибодом, Шокирҷон Ҳакимов – номзади Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон шикаст хӯрда ва Насруллоҳ Маҳмудов - номзади ҳизби ҳоким, пирӯз шудааст. Аҳрорхон Саримсоқов – сардори ҳавзаи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, Насруллоҳ Маҳмудов 54,7 ва Шокирҷон Ҳакимов 41, 7 дар сади ороро ба даст овардаанд. Аммо Шокирҷон Ҳакимов ба Радиои Озодӣ гуфт, даври дуввуми интихобот ҳам саршор бо тақаллуб будааст. Ба гуфтаи вай, мақомоти расмӣ ба хотири пирӯзии номзади ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ аз тамоми манобеъ ва абзори давлатӣ истифода кардаанд. Аз ин рӯ Шокирҷон Ҳакимов хостааст, то раъйҳо аз нав шумурда шаванд. Вай зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сурати ба инобат нагирифтани дархосташ ё ба Кумиссиёни Марказии Интихобот ва ё то ба Додгоҳи Олии кишвар шикоят хоҳад бурд. Дар даври аввал, ки 28 феврал баргузор ҳеҷ яке аз номзадҳо раъйи кофиро соҳиб нашуданд.
XS
SM
MD
LG