Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Русияи Воҳид пешсафи интихоботи маҳаллӣ


Бар асоси шумориши бахше аз орои интихоботи маҳаллӣ дар Русия, ҳизби ҳокими Русия воҳид дар ин корзор пешсаф будааст, вале ҳимояти мардум аз ин ҳизб дар муқоиса ба интихоботи соли 2007 камтар шудааст. Ҳизби нахуствазир Владимир Путин зоҳиран, дар рақобат барои курсии шаҳрдори Иркутск шикаст хоҳад хӯрд, зеро дар инҷо намояндаи Ҳизби Коммунист пешсаф будааст. Бино ба гузоришҳо, ҳимояти мардум аз ҳизби Русияи Воҳид дар интихоботи имсола камтар хоҳад буд, зеро афзоиши қиммат ва бекорӣ дар замони бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, раъйдиҳандагонро нигарон кардааст. Ҳизби Русияи Воҳид ва аҳзоби мухолиф, ҳамдигарро дар тақаллубкорӣ дар интихобот муттаҳам намуданд. Ба гуфтаи Вячеслав Тимченко гуфтааст, се ҳизби аслии мухолифи Русия, Ҳизби Коммунист, Ҳизби Либерал Демократӣ ва Ҳизби ҳукуматгарои “Русияи Боадолат” ба харидани оро машғул шудаанд. Қарор аст, натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро имрӯз эълом кунанд.
XS
SM
MD
LG