Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико рафтори Исроилро "тавҳин" ба худ хонд


Як ёвари баландмақоми Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, тасмими Исроил барои бунёди як шаҳраки яҳудинишини нав Байтулмуқаддаси Шарқиро барои музокироти сулҳи Ховари Миёна “харобиовар” хонд. Дейвид Акселрод – мушовири аршади умури сиёсии Барак Обама зимни сӯҳбат бо телевизиони NBC Амрико гуфт, эъломи Исроил “тавҳин” ба Иёлоти Муттаҳида аст, ки як шарики муҳими Исроил мебошад. Исроил бунёди шаҳраки нави яҳудинишинро ҳангоми сафари Ҷо Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико дар Исроил эълом кард ва ҳам баъди муддати кӯтоҳе аз он ки Фаластиниён ризоият додаанд, бо миёнаравии Амрико бо Исроил музокироти ғайримустақим анҷом диҳанд. Бенямин Нетаняҳу рӯзи якшанбе аз ин рафтори ҳукуматаш ибрози таасуф кард.
XS
SM
MD
LG