Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шокирҷон Ҳакимов дар интихобот шикаст хӯрдааст


Бино ба гузоришҳо дар даври дуввуми интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Конибодом, Шокирҷон Ҳакимов – номзади Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон шикаст хӯрда ва Насруллоҳ Маҳмудов - номзади ҳизби ҳоким, пирӯз шудааст. Аммо Шокирҷон Ҳакимов ба Радиои Озодӣ гуфт, даври дуввуми интихобот ҳам саршор бо тақаллуб будааст Ба гуфтаи вай, мақомоти расмӣ ба хотири пирӯзии номзади ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ аз тамоми манобеъ ва абзори давлатӣ истифода кардаанд. Даври дуввуми интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи Конибодом бо ширкати устоди донишгоҳ Шокирҷон Ҳакимов ва номзади ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ додситони феълии Кӯлоб Насруллоҳ Маҳмудов сурат гирифт. Дар даври аввал, ки 28 феврал баргузор ҳеҷ яке аз номзадҳо раъйи кофиро соҳиб нашуданд.
XS
SM
MD
LG