Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти нахустини порлумони нави Тоҷикистон


Қарор аст, фардо 16 март нахустин иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон даъвати чорум баргузор шавад. Дар интихоботи рӯзи 28 феврал, ки нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо онро «ғайридемократӣ” хонданд, ҳизби ҳокими Халқии Демократии Тоҷикистон аксарияти 63 курсиҳои порлумонро аз они худ кард. Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Кишоварзӣ, Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Рушди Иқтисодӣ ду вакилӣ дар порлумон хоҳанд дошт. Аҳзоби мухолифи Тоҷикистон интихоботро ғайридемократӣ ва ношафоф унвон карданд ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ онро "золимона" хонд.
XS
SM
MD
LG