Пайвандҳои дастрасӣ

Ибрози таасуфи нахуствазири Шветсия аз қарори порлумон


Нахуствазири Шветсия ба хотири фосила гирифтан аз қарори порлумони ин кишвар, ки куштори дастаҷамъии арманиҳо аз сӯи туркони усмониро, наслкушӣ хонд, бо Раҷаб Тайиб Эрдӯғон нахуствазири Туркия телефонӣ гуфтӯгу кардааст. Ба иттилоъи дафтари нахуствазири Туркия, Фредерик Рейнфелдт – нахуствазири Шветсия, рӯзи шанбе зимни тамоси телефонӣ ба нахуствазири Туркия аз қарори порлумон ибрози таассуф карда ва гуфтааст, ки "ҳукуматаш бо андешаи порлумон мувофиқ нест." Фредерик Рейнфелдт, қарори порлумонро “умури дохилӣ» номида гуфтааст, “ҳукуматаш омода аст ҳар кори мумкинро анҷом диҳад, то ин қарори бепоя ба равобити дуҷониба осеб нарасонад”. Порлумони Шветсия ҳафтаи гузашта бо судури як қароре, қатли арманиҳо дар замони суқути империяи туркони усмониро “наслкушӣ” унвон кард.
XS
SM
MD
LG