Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии ду маъмури имдодии Фаронса аз асорат


Ду маъмури имдодии фаронсавӣ, ки тақрибан чаҳор моҳ дар асорати одамрабоён буданд, дирӯз дар минтақаи Дарфури Судон раҳо карда шуданд. Оливер Денис ва Оливер Фрепро рӯзи 22 ноябри соли гузашта дар Африқои Марказӣ ҳамсоякишвари Судон рабуданд. Дафтари раёсати ҷумҳури Фаронса, бо нашри баёнияе аз раҳоии ин ду корманди як муассисаи хайрия ибрози хушнудӣ карда ва ба тамоми онҳое, ки дар ин кор саҳм доштаанд, ташаккур гуфтааст. Бернард Кушнер – вазири умури хориҷаи Фаронса, гуфт, ҳардуро дар Дарфур раҳо кардаанд. Ҷузъиёти дигаре дар даст нест.
XS
SM
MD
LG