Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҳамлаҳои худро ҳушдор ба НАТО номиданд


Толибон бомбгузориҳои хунин дар шаҳри Қандаҳорро ҳушдоре барои НАТО хонданд. Сухангӯи Толибон Қорӣ Муҳаммад Аҳмадӣ гуфт, ин ҳамлаҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди тақвияти нирӯҳои байналмилалӣ ба хотири омодагӣ ба амалиёти густарда дар вилояти Қандаҳор чирикиҳо тавони фаъолиятро аз даст надодаанд. Бар асари силсилаи ҳамлаҳои шаби шанбе дар Қандаҳор 35 нафар кушта шуданд, вале ҷангиён натавонистанд ба ҳадафи асосии худ – аз зиндони ин шаҳр озод кардани ҳамсафони худ - ноил шаванд.
Волии вилояти Қандаҳор Турёлай Висо дар пайи ин ҳамлаҳои хунин аз давлати Афғонистон хост, то ба ин вилоят нирӯи бештар бифиристад.
XS
SM
MD
LG