Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дуввуми интихобот дар Тоҷикистон анҷом шуд


Имрӯз соати ҳашти шом ба вақти Душанбе дар Тоҷикистон даври дуввуми интихоботи парлумонӣ ба поён расид. Мардум дар ҳавзаи Конибодоми вилояти Суғд аз миёни номзади ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва номзади ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Насруллоҳ Маҳмудов охирин вакили Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистонро интихоб карданд. Ҳамчунин имрӯз дар ҳудудан 50 ҳавзаи маҳаллӣ даври дуввуми интихоботи вакилони маҷолиси маҳалӣ доир шуд.
XS
SM
MD
LG