Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи Моликӣ дар Басра пешсаф будааст


Куммиссиюни интихоботи Ироқ имрӯз бар пояи шумориши 63 дарсади оро дар вилояти ҷанубии Басра гуфт, ки эътилофи сарвазир Нурӣ Моликӣ пешсаф аст. Сеяки ҳавзаҳои интихоботи парлумонии рӯзи 7 март дар ҳамин вилояти умдатан шиъанишин ҷойгир мебошад. Эътилофи Ҳукми Қонуни Моликӣ то кунун дар Басра наздики 220 000 раъй ба даст овардааст, ки назар ба орои Эътилофи миллӣ, як гурӯҳи мазҳабии рӯ ба Эрони шиъаҳои ироқӣ, қариб 100 000 бештар аст. Ҳизби сарвазири собиқ Иёд Алавӣ бо 36 000 раъй дар ҷойи севвум будааст.
XS
SM
MD
LG