Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷбахш дар баҳои 800 000 $ гаравпулӣ раҳо шудааст


Эрон рӯзи шанбе донишманди эрониву амрикоӣ Киёни Тоҷбахшро ба хотири таҷлил аз соли нави форсӣ - Наврӯз муваққатан аз зиндон раҳо кард. Хабаргузории нимарасмии ИСНО навишт, ки Тоҷбахш дар ивази 800 000 доллар пули гарав барои 15 рӯз раҳо ёфтааст.
Тоҷбахш , ки дар Эрон рӯи китобаш кор мекард, дар моҳи июли соли гузашта дар пасманзари эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт ва ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми зиндони ӯ баъдан то 5 сол пойин оварда шуд. Мақомоти Амрико, бо шумули вазири хориҷа Ҳилларӣ Клинтон ба таври мукаррар раҳоии Киёни Тоҷбахшро талаб кардаанд.
XS
SM
MD
LG