Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киёни Тоҷбахшро ба хотири Наврӯз раҳо кардаанд


Вакили дифоъи донишманди дар Эрон зиндонишудаи эрониву амрикоӣ гуфтааст, ки Киёни Тоҷбахшро шаби шанбе ба хотири таҷлил аз Наврӯз муваққатан аз зиндон раҳо кардаанд.
Тоҷбахш, ки дар Эрон рӯи китобаш кор мекард, дар моҳи июли соли гузашта бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт ва баъдан ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми зиндони ӯ баъдан то 5 сол пойин оварда шуд. Вакили мудофеъ Масъуди Шофеъӣ ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, бо вуҷуди 9 моҳи маҳбас вазъи сиҳҳати Киёни Тоҷбахш хуб аст. Дар Эрон дар арафаи соли нави форсӣ одатан бархе зиндониёнро ба хотири таҷлили Наврӯз муваққатан раҳо мекунанд.
XS
SM
MD
LG