Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури Нетаняҳу дар масъалаи эълони шаҳраксозӣ


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дастур додааст, ки далоили маҳз дар рӯзҳои боздиди ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден эълон шудани барномаи бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси шарқиро таҳқиқ кунанд.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ин иқдомро “таҳқиромез” номид ва гуфт, Исроил бо ин амалаш ҳама ба раванди сулҳи Ховари Миёна ва ҳам ба равобиташ бо Вошингтон “ паёми хеле манфӣ” фиристод. Фаластиниҳо Нетаняҳуро ба мониасозӣ дар роҳи музокироти сулҳ он айбдор кардаанд.
XS
SM
MD
LG