Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шадид дар Ҷопон


Як заминларзаи шадид, ки шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер, 6,6 балл баровард мешавад, шоми имрӯз биноҳои осмонбӯси Токио, пойтахти Ҷопонро таккон дод. Дар бораи кадом хисороти ҷонӣ ё молӣ ба бор овардани ин офати табиӣ то ҳол гузорише ба даст нарасидааст. Ҷопон дар яке аз минтақаҳои зилзилахезтарини дунё воқеъият дорад, вале риояи сахти меъёрҳои сохтмонӣ ба ин кишвар имкон додааст, то авоқиби чунин офоти табииро ҳаддалимкон коҳиш бидиҳад.
XS
SM
MD
LG