Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз 30 тарафдори мухолифин дар Эрон


Хабаргузории “Форснюс” мегӯяд, 30 узви як ҷунбиши ғайриқонунии мухолифин бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо як шабакаи компютерии амрикоӣ, ки дар бораи донишмандони улуми ҳастаии Эрон маълумот гирд меовард, боздошт шудаанд. Бино бар ин хабар, ин афроди боздоштшуда ба Муҷоҳидини халқ ва ба тарафдорони шоҳ рабт доштаанд.
Телевизиони давлатии PressTV гуфт, ки Эрон ҳамчунин аз Интерпол хостааст, ки ба боздошти ду раҳбари ин шабакаи компютерӣ мусоидат кунад. Яке аз ин ду нафар Аҳмад Батобӣ, яке аз фаъолони ҷунбишҳои донишҷӯист, ки соли 2007 баъд аз раҳоияш аз маҳбас тарки Эрон карда буд.
PressTV мегӯяд, ки ин шабакаи компютериро ҳамчунин дар нашри теъдоди дурӯғи кушташудагон дар ҷараёни ошӯбҳои пасоинтихоботии Эрон масъул медонанд.
XS
SM
MD
LG