Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ба эъмоли таҳримоти якҷониба омодагӣ мегирад


Вазири хориҷаи Финландия Александер Стабб гуфт, агар Шӯрои Амнияти СММ дар амри эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон ноком шавад, кишварҳои узви ИА тавофуқ бастаанд, ки бар зидди Теҳрон таҳримоти якҷониба эъмол кунанд. Стабб аммо бар ин бовар аст, ки Чину Русияро метавон ба пуштибонӣ аз таҳримоти ҷадид алайҳи Эрон мутақоид сохт. Стабб, ки дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи ИА сӯҳбат мекард, гуфт, дар сурати нокомии Шӯрои Амният, онҳо бояд ба сурати якҷониба даст ба ин кор бизананд. Ӯ афзуд, ки ин мавзӯъ дар нишасти рӯзи 22 марти вазирони хориҷаи ИА баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG