Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи маҳаллӣ дар Русия идома дорад


Дар Русия интихоботи маҳаллӣ идома дорад. Ҳудуди 32 миллион нафар аз маҷмӯъан 110 миллион мардуми воҷиди шароити раъй дар Русия дар интихоботи имрӯза аз ҷумла 8 парлумони вилоятиро интихоб мекунанд.
Ин раъйгирӣ як имтиҳон барои раиси ин ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев низ ҳаст, чунки замоне сурат мегирад, ки давраи чорсолаи раёсати Медведев дуруст нисф шуд.
Медведев талош дошт, назорати шадиди низоми сиёсиро, ки Владимир Путин тайи 8 соли роҳбариаш ба вуҷуд овард, каме сабуктар кунад ва интихоботи имрӯза бояд рӯшан кунад, ки ӯ дар ин роҳ то куҷо муваффақ шудааст.
XS
SM
MD
LG