Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи "рӯҳбаландкунанда"-и Обама бо Медведев


Руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев пиромуни тарҳи паймони ҷадиде, ки бояд ҷойгузини паймони ҳанӯз соли 1991 имзошудаи коҳиши таслиҳоти стротежӣ бо номи START шавад, гуфтугӯ кардаанд. Кохи Сафед ин сӯҳбатро “рӯҳбаландкунанда” ба қалам додааст.
Мушовири Медведев гуфт, тавофуқ бар сари матни паймони нав ба сурати умум ҳосил шудааст.
Гуфтугӯи телефонии Обама бо Медведев дар ҳолест, ки ҳайъатҳои ду кишвар дар Женева бояд тарҳи ниҳоии пешнависи паймони ҷадидро таҳия кунанд. Паймони нав то 25 дарсад коҳиш додани кӯлоҳакҳои ҳастаии Амрикову Русияро дар назар дорад
XS
SM
MD
LG