Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Индиго” ва “Сомонком” тағйири ном хоҳанд кард?


Хабаргузории “Авасто” менависад, ширкатҳои мобилии “Индиго-Тоҷикистон” ва “Сомонком” ба зудӣ ва ғолибан баъд аз иди Наврӯз тағйири ном хоҳанд кард.
Ребрендинги ин ду ширкати маъруф ба далели табдили молики онҳо сурат мегирад ва эҳтимол меравад, ки дар заминаи ҳарду як ширкати воҳид бо номи Tcell рӯи кор биояд. Феълан 60 дарсади саҳмияҳои “Индиго” ва “Сомонком”-ро TeliaSonera, як ширкати муштараки Шветсияву Финландия ба даст оварда, боқии саҳмияҳои ширкати ҷадид дар дасти Бунёди рушди иқтисодии Оғохон будааст. Гуфта мешавад, ки Tcell таҳти шиори “Боз ҳам наздиктар!” вориди бозор хоҳад шуд.
“Сомонком” нахустин корбари хадамоти телефонҳои мобили навъи GSM дар вилояти Суғд буд. “Индиго-Тоҷикистон”-ро Бунёди Оғохон муштаракан бо ширкати амрикоии МСТ таъсис додааст. Бунёди Оғохон ҳамроҳ бо TeliaSonera молики “Рӯшан”, бузургтарин ширкати мобилии Афғонистон низ мебошад.
XS
SM
MD
LG